14.02.2022 / Точикистон

Қатъи фаъолияти беш аз 20 ҳазор соҳибкор дар Тоҷикистон. Мақомот: "Сармоягузории хориҷӣ афзуд" ВИДЕО

Қатъи фаъолияти беш аз 20 ҳазор соҳибкор дар Тоҷикистон. Мақомот: "Сармоягузории хориҷӣ афзуд" ВИДЕО

Дар Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро бас кардаанд. Дар ҳоле ки коршиносону соҳибкорон тафтишҳои зиёд ва гаронии андозро аз сабабҳои асосии қатъи фаъолият медонанд, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба "рақобатнопазирӣ" ва "таъсири омилҳои берунӣ" пайванд медиҳанд.

Самариддин Шамсимадзода, як масъули Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон, рӯзи 11-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, қатъи фаъолияти соҳибкорон дар кишвар нисбат ба соли 2020 тақрибан чаҳор ҳазор маврид зиёд аст. Ӯ далели бас шудани кори беш аз бист ҳазор соҳибкорро ба омилҳои гуногун, аз ҷумла рақобатпазир набудани онҳо, рабт дод.

Коршиноси масоили иқтисодӣ, Фозилҷон Фаттуллоев, рӯзи 11-уми феврал гаронии молиёт (андоз) ва санҷишҳои беасосро аз сабабҳои қатъи кори соҳибкорон донист. Ӯ гуфт: “Якум, набудани дастгирии соҳибкорон. Шарт нест, ки онҳо маблағгузорӣ карда шаванд. Агар ягон сабукии фискалӣ, яъне сабукӣ аз ҳисоби фишори андозӣ мебуд, шумораи ками соҳибкорон фаъолияти худро қатъ мекарданд. Дувум, ноустувор будани пули миллии сомонӣ мебошад.”

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфтанд, таваҷҷуҳ ба бахши соҳибкорӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумита, 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, “дар соли 2021 барои дастгирии соҳибкорон 8,8 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод шуд, ки нисбат ба як соли пеш 26 дарсад бештар аст."

Коршиносон мегӯянд, дар баробари андозҳои гарон, фазои носолими сармоягузорӣ ва имтиёзҳои нобаробар аз омилҳои дигаре ҳастанд, ки ҷилави сармоягузорони хориҷиро низ мегиранд. Саъдӣ Қодирзода мегӯяд, баръакс, соли гузашта сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар афзоиш ёфтааст.

"Дар соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллар ворид гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 68 дар сад зиёд мебошад. Афзоиш аз ҳисоби сармояи мустақими хориҷӣ 342,2 миллион доллари амрикоиро ташкил кардааст," – гуфт Қодирзода.

Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ, Чин бо ворид намудани 210 миллион доллар сармояи мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон ҳамоно дар ҷойи аввал қарор дорад. Эрон, Туркия, Швейтсария, Фаронса, Кипр ва Бритониёи Кабир аз сармоягузорони дигар ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки бо гузашти сӣ сол аз замони ба даст овардани истиқлол барои иқтисоди заифу монеагузориҳои зиёд ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ танқид мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар «338 ҳазор субъекти соҳибкорӣ» сабти ном шудаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба ислоҳоти фарогир ниёз дорад. 




Радиои Озодӣ