28.10.2020 / Точикистон

Фурудгоҳи Душанбе: маош пурра пардохт шудааст. Наздикони марҳум чизи дигар мегӯянд Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20201028/furudgoi-dushanbe-maosh-purra-pardoht-shudaast-nazdikoni-marum-chizi-digar-megyand

Фурудгоҳи Душанбе: маош пурра пардохт шудааст. Наздикони марҳум чизи дигар мегӯянд Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20201028/furudgoi-dushanbe-maosh-purra-pardoht-shudaast-nazdikoni-marum-chizi-digar-megyand

Дар фурудгоҳ мегӯянд, дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунанда ҳаст, вале пешниҳоди онро алҳол танҳо ваъда доданд.

Дар хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) изҳор мекунанд, ки маоши Шерафган Хоҷақулов, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар ҷойи кориаш даст ба худкушӣ зад, пурра то имрӯз пардохт шудааст. Аммо пайвандону наздикони марҳум чизи дигар мегӯянд.

Мо бо хадамоти матбуоти ФБД ва пайвандони Шерафган Хоҷақулов, ки рӯзи 27 октябр ҷасадаш ба хок супурда шуд, суҳбат кардем.

“Маош пурра то имрӯз пурра пардохт шудааст”

“Дар бораи пурра пардохт шудани маоши ӯ ҳуҷҷати тасдиқкунанда ҳаст. Мо аз ин ҳодиса хеле мутаассир буда, ба пайвандону наздикони ӯ изҳори ҳамдардӣ мекунем. Дар бораи сабабҳои ба худкушӣ даст задани корманди хадамоти амнияти фурудгоҳ чизе маълум нест. Дар ин робита Прокуратураи нақлиёти ҶТ санҷишро оғоз намуда, ҳамаи паҳлӯҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунад”, - изҳор доштанд дар хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

Дар дафтари матбуоти ФБД ваъда доданд, ки дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод мекунанд, вале он то ҳол нарасидааст.

Ба дигар саволҳои “Азия-Плюс” дар бораи рухсатии кормандон, ба таъхир афтодани пардохти маоши онҳо, даромади ФБД аз парвозҳои чартерӣ аз хадамоти матбуоти фурудгоҳ посух надода, хоҳиш намуданд, ки дар ин хусус дархости расмӣ фиристем.

“9 моҳ шуд, ки мо музди меҳнат намегирем”

Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган Хоҷақулови 38-сола, ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ӯ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта наздаш омада, аз он мушавваш буд, ки дар фурудгоҳ пардохти маошашро ба таъхир гузошта, барои напардохтани пули хонаи иҷора, аз ӯ холӣ кардани онро талаб кардаанд.

Ӯ ба ман гуфт: “9 моҳ шуд, ки ба мо маош намедиҳанд. Ӯ шахси босавод буд, намедонам, барои чӣ ба ин кор даст зад, то ҳол бовар надорам”.

Ба гуфтаи Ҷамшед Давлатов, пеш аз даст ба худкушӣ задан ҷиянаш ба ӯ бо матни “ҷасади маро аз фурудгоҳ гиред” паёмак (смс) фиристодааст.

Корманди фурудгоҳи Душанбе худро паронд. Барои дер додани маош

Раҳбарияти фурудгоҳ ҳатто ҳамдардӣ изҳор накард

Умед Хоҷақулов, бародари Шерафган мегӯяд, ӯ аз пули хонаи иҷора 14 ҳазор сомонӣ қарздор шуда, ба ин хотир рӯзҳои охир мушаввашу парешонхотир буд.

“Шерафган муддати 6 ё 7 сол инҷониб дар хадамоти бехатарии фурудгоҳ кор мекард. Ӯ шахси босаводу хоксору фурӯтан ва зиндадил буд. Намефаҳмам, чаро ӯ ба ин амал даст зад”, - гуфт Умед Хоҷақулов.

Ба гуфтаи вай, раҳбарияти фурудгоҳ маоши бародарашро то ҳол наоварда, ҳатто ҳамдардӣ изҳор накардааст.

“Асосан кормандоне омаданд, ки бо бародарам дӯсту шиноси наздик буданд. Кормандони фурудгоҳ 16 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ карда оварданд. Гуфтанд, ки пулро барои маросимҳои дафну эҳтиёҷоти оилаи ӯ сарф кунем. Ҳамчунин сардори шуъбаи онҳо омад, лекин ҳеҷ касе аз раҳбарияти фурудгоҳ ба мо занг ҳам назадаасту ҳамдардӣ ҳам изҳор накардааст”, - изҳор дошт Умед.
Шерафган Хоҷақулов се фарзанд дошт - ду писару як духтар. Писари калониаш 8-сола буда, хурдиаш ба кӯдакистон меравад ва духтараш 7-сола аст.

Read more: Asia Plus